Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ машварат доир намуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шакли маҷозӣ машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии ду давлат баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин бобати таҳкими ҳамкорӣ барои фароҳам овардани заминаи мусоид дар фазои иттилоотӣ ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар қолабҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон муҳимияти кори муштарак оид ба муқовимат ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотӣ оид ба Тоҷикистон ва Русия, робитаҳои ду давлат, инчунин дар мавзуи муносибатҳо байни миллатҳо таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд






