«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Намоишгоҳи 12-уми байналмилалӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад, ки то 24 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад сатҳи донишамонро пайваста мукаммал гардонем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар намоиши байналмилалии китоб намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






