Бастаҳои «MIX»: интернети бештар бо нархи камтар
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин оператори имконияти нави рақамӣ бастаҳои интернетии силсилаи «MIX»-ро ба роҳ монд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳаҷми зарурии трафик мувофиқи талабот интихоб шуда, барои мақсадҳои гуногун истифода бурда шавад. Ба ғайр аз ин интернети мобилӣ аз ҷиҳати нарх якчанд маротиба дастрастар шуд.
Силсилаи «MIX» аз шаш бастае иборат аст, ки рақамҳо дар таркиби номҳояшон ҳаҷми умумии трафики дастрасро ифода мекунанд. Масалан, «MIX 4» аз 4 000 Мб – 1 000 Мб барои дилхоҳ мақсадҳо ва 3 000 Мб барои истифодаи хизматрасонии маъруф иборат мебошад. Ба қатори онҳо Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook, Facebook Messenger, Instagram, «Вконтакте», «Одноклассники», TikTok ва YouTube дохил мешаванд.
Бастаи калонтарини силсилаи нав «MIX 90» буда, нархи он ба 170 сомонӣ баробар аст. Ба он 90 000 Мб: 30 000 Мб трафики умумӣ ва 60 000 Мб барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеохостинги YouTube дохил мешаванд.
Муҳлати амали ҳамаи бастаҳои «MIX» – 30 рӯз аз лаҳзаи пайвасткунӣ аст. Онҳоро метавон мустақилона, масалан, дар замимаи мобилии «МегаФон Life» пайваст намуд. Бастаҳои интернетии «MIX» аз тарофаи муштарӣ вобаста набуда, ҳангоми ивази тарофа қатъ карда намешаванд.

Бо интихоби яке аз бастаҳои нав муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» на танҳо ҳаҷми зарурии трафики интернети мобилиро ба даст меорад, балки то дараҷаи назаррас маблағи худро сарфа мекунад. Агар қаблан ба маблағи қариб 20 сомонӣ, масалан пайвасткунии бастаи «Light 1» бо 1000 Мб имконпазир буд, акнун бо чунин нарх бастаи «MIX 4» бо 4 000 Мб дастрас мебошад. Бо ҳамон як нарх истифодабаранда чор маротиба зиёдтар интернет ба даст меорад.
Таркиби бастаҳо низ хеле мувофиқ шуд. Дар силсилаҳои қаблӣ трафик аз рӯйи мақсадҳои истифода тақсим нашуда, аз ҳисоби ҳаҷми умумӣ сарф мегардид. Акнун ҳатто ҳангоми истифодаи фаъолонаи хизматрасониҳо (паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) миқдори муайяни мегабайтҳо барои манбаъҳои дигари интернетӣ боқӣ мемонад. Таркибу арзиши бастаҳои силсилаи «MIX» дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.
Агар ҳаҷми интихобшудаи трафик кам барояд, метавон бастаи иловагиро вобаста ба мақсадҳои худ пайваст намуд. Барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо «MIX Хизматрасониҳо + 1 000 Мб» пешбинӣ шудааст, ки он 5 сомонӣ арзиш дорад. Ҳангоми зарурати зиёд намудани ҳаҷми умумӣ кофӣ аст, ки «MIX + 1 000 Мб» бо нархи 10 сомонӣ пайваст карда шавад. Бастаҳои иловагие, ки то охири муҳлати бастаи асосии силсилаи «MIX» дастрас ҳастанд, имконияти муштариёнеро, ки мехоҳанд хизматрасониро мувофиқи ниёзу талабот танзим намоянд, васеъ мекунанд.
АКС:ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






