Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо сарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои дӯст дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд

Октябрь 11, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо сарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои дӯст, ки барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад.

Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти парламентҳои беш аз 11 давлати ҷаҳон доир мешавад.

Тибқи барнома, кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар бахшҳо мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», Конститутсия-заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» баррасӣ карда мешаванд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 11, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад