ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт омодагии муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро ба зимистон месанҷад
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим намояндагони гурӯҳи кориро муваззаф намуд, ки омодагии роҳҳо ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро ба мавсими зимистон санҷанд.
Гурӯҳи корӣ ҷараёни сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо, бақайдгирии дороиҳои роҳ, пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷмро дар роҳҳои автомобилӣ аз назар мегузаронад.
«Бо назардошти он ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, аллакай дар даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст хоҳад шуд, зарур аст, ки ҳолати роҳҳо, иншооти роҳ, ҳудуди корхонаҳо, биноҳо, омодагии техникаву таҷҳизоти махсус, ҷараёни тайёр кардани маводи зиддилағзиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум, либоси зимистона ва мавҷудияти дигар маводу масолеҳи зарурӣ санҷида шавад», — гуфт Вазири нақлиёт дар ҷаласаи назоратии вазорат.
Таъкид гардид, ки соҳаи роҳу нақлиёт бояд то 1 ноябри соли равон ба фаъолияти муътадил ва самарабахш дар фасли зимистон пурра омода карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2024 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо оид ба омодагии сатҳи баланд ба давраи зимистон, захираи кофии озуқаворию сӯзишворӣ барои ҳамаи соҳаҳо ва тавсеаи корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






