Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Брюггеи Белгия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат /ИБҲТ/ — (IUCN -International Union for Conservation of Nature) барои Аврупо, Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Брюггеи Белгия доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат барои Аврупо, Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба конгресси ҷаҳонии ҳифзи табиати ин иттиҳод мебошад, ки дар назар аст соли 2025 дар Абузабӣ баргузор гардад.
Дар форум муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лоиқ Раҳмонзода доир ба комёбиҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва олами набототу ҳайвонот сухан намуд. Ҳамзамон вай дар доираи мулоқотҳо бо намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла бо мудирони Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар минтақаи Аврупо Борис Эр ва дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Оливер Аврамоски масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи экология, аз ҷумла масъалаҳои узвияти Кумитаи ҳифзи муҳити зистро дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баррасӣ намуд.
Инчунин муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат хонум Гретел Агилар вохӯрӣ намуд. Пешниҳод шуд, ки вобаста ба узвияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар COP 16 чорабинии алоҳида ташкил карда шавад.
Таъкид шуд, ки мутахассисони Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бахусус гузаронидани мониторинги саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамеша мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон дар мулоқот бо директори Институти зоологии Қазоқистон Роман Яшенко ва ҳамоҳангсози Кумитаи миллии ЮНЕСКО масъалаҳои муайяни ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат иттиҳоди ҷаҳонӣ буда, дар он беш аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ муттаҳид гардидаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






