Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ маротибаи дуюм беҳтарин иттиҳодияи минтақавӣ дар Осиё эътироф шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соли дуюм пайиҳам беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дар Осиё эътироф гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
29 октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ- шаҳри Сеул маросими тантанавии ҷамъбасти соли Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.
CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё аст, ки зуд эътироф шудааст.
Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) федератсияҳои футболи шаш давлат – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ворид шудаанд. Қароргоҳи CAFA дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






