Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон филми ҳунарии «Дов»-ро тамошо карданд

Октябрь 17, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 17.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ва Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аъзо ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Дов»-ро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Филми ҳунарии «Дов» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии вилоятии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст.

Он воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро инъикос намуда, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобинон намоиш медиҳад.

Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозаду риштаи пайвандию рафоқат байни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад.

«Дов» яке аз муваффақтарин филмҳо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки соҳиби беш аз 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амал менамояд. Ҳадафи барнома аз тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи синамо бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинон ба кино иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.

АКС: Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон

 

Октябрь 17, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад