Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Октябрь 4, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамоише, ки 3 октябр дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид, дар ситоиши забони ширину шевои тоҷикӣ гуфта шуд, ки «забон нишонаи ҳастии миллат, дарбаргирандаи суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқ ва аз ҳама муҳим, унсури муҳимтарини шинохту муаррифи давлат ба ҳисоб меравад». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд.

Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки «забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон аст».
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ василаи ягонаи муколама байни ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсӣ ба ҳисоб меравад, зеро Истиқлоли забонӣ пояи Истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

«Шуруъ аз сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабии хешро бо ин забони шево эҷод намуда, дар муаррифӣ намудани миллати тоҷик саҳми бузург гузоштаанд»,- иброз гардид дар ҳамоиш.
Имрӯз забони давлатӣ дар ҳудуди давлат ба сифати омили муҳимтарини баҳамоии миллат ва халқият хизмат менамояд.
Бо вуҷуди мақоми асосӣ доштани забони давлатӣ меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи забонҳои халқҳои ақаллияти сокини мамлакат низ имконияти баробар фароҳам овардааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола 5 октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН. Таъсири бозиҳои компютерӣ ва мушкилоти пешгирии иҷтимоӣ