Бахшида ба дастовардҳои кормандони ҷавони соҳаи мақомоти адлия ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 33 соли соҳибистиқлолӣ-дастовард ва дурнамо» ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи мақомоти адлия доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон дастовардҳои ҷавонони мақомоти адлияро дар самти омодасозӣ ва таҳияи китобҳо оид ба амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти варзиш тамошо намуданд. Ҳамзамон зимни муаррифӣ доир ба муваффақияти Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия, ки ҳадафи асосии фаъолияти он амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии аҳолӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос, баргузор намудани даврҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот бо назардошти назария ва амалия мебошад, маълумот дода шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки «имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд. Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми босазо гузоранд».
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз нисбат ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми самтҳо- сиёсат, иқтисодиёт, иҷимоиёт ва фарҳангу маънавиёт ба амал омаданд, ки мардумро ба дӯстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунанд. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон хеле назаррас аст. Ҷавонони мамлакати тозаистиқлол ба сифати роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, ҳуқуқшинос, табиб, мураббӣ, муҳандису технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият карда, дар рушди нумӯи Ватан саҳми босазо мегузоранд.
Таъкид гардид, ки дар қатори дигар мақомоту идораҳои давлатӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мутахассисони зиёди ҷавон тарбия кардааст, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ менамоянд.
Изҳор гардид, ки дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ расида, тамоми саъю кӯшишро бояд ба ҳифзи он равона кард.
Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷавононро мебояд дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат маҳз ҷавонон саҳми арзанда дошта, тамоми кӯшишу талошашонро ба ободии диёр равона менамоянд. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и онро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил дода, синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола шумораи ҷавонон ба андозаи 1,9% дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






