Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «НБО Роғун» ба имзо расид

Октябрь 11, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 10 октябр дар ҳошияи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия дар қароргоҳи Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими баимзорасонии марҳилаи аввали Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи лоиҳаи «НБО Роғун (Лоти 4)» дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ баргузор гардид.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.

Бояд гуфт, ки маблағи умумӣ аз ҷониби Хазинаи ОПЕК барои ин лоиҳа 100 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, тавассути 4 марҳила, дар доираи созишномаҳои алоҳида дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа саҳм гузоштан ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ тавассути афзоиши истеҳсоли неруи барқ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва содироти он ба мамлакатҳои минтақа мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад