Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Колумбия масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Президенти Конференсияи 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим Мухтар Бабайев баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва баргузории Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро, ки нимаи аввали моҳи ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Инчунин ҷонибҳо таваҷҷуҳи махсусро ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар татбиқи Конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ зоҳир намуданд.
Баҳодур Шерализода қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, махсус таъкид намуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷонро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, расман даъват намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






