Бо хизматчиёни давлатии ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Нуробод дар мавзуи «Пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи амали Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳо ва масъулини татбиқи ин стратегия вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм ва ҳадафу мақсадҳои стратегия ибрози назар намуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон- гурӯҳи осебпазири ҷомеа қарор мегиранд. Омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, беаҳамиятии волидайн ба тақдири фарзандон ва истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ мебошанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён даъват шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва оромиву осудагии давлат бетараф набошанд.
АКС: Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






