Боронҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ба сифати нахи пахта таъсир мерасонад?

Октябрь 24, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 23 то 27 октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа паст гардида, боронҳои пай дар пай дар назар аст. Оё ҳарорати пасти чанд рӯзи охир ба маҳсулоти кишоварзӣ таъсир расонида метавонад? Алалхусус пахта, ки имрузҳо ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» назари коршиносонро манзур менамояд.

«Ҳавои номусоид ва боронҳои пай дар пай сифати нахи пахтаро паст намуда, ба майдони тухмипарварӣ низ бетаъсир намемонанд. Аз аввали моҳи октябр шабона ҳарорат паст ва рӯзона баланд мегардид, ки ин сабаб шуд раванди шукуфтани ҳосили пахта дароз гардад. Аз ин рӯ дар саҳро ҳосили нопухта бештар мебошад»,-гуфт дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки баъд аз ҳавои номусоид кишоварзон метавонанд ҳосили шукуфтаи пахтаро то чанд рӯзи офтобӣ нигоҳ дошта, сипас ҷамъоварӣ намоянд. Инчунин метавонанд ҳосили ҷамъоваринамударо аввал хушк намуда, сипас ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ супоранд.

Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Яъне пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад. Тибқи арзёбиҳо, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад.

Вобаста ба ҷамъоварии беталафи пахта аз саҳро Зикриёхон Ҳайдаров чунин тавсия медиҳад, ки бояд кишоварзони мамлакат ба воситаи заҳрхимикатҳо барги ниҳоли пахтаро хушк намоянд. Дар ин ҳолат тамоми энергия барои шукуфтан сарф шуда, пахта беталаф ҷамъоварӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар боғу токзори мамлакат меваи себу нок ва ангур барои ҷамъоварӣ омода аст. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки боғпарварон баъд аз боронҳо метавонанд меваҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Аммо он меваҳое, ки барои хушк намудан дар зери Офтоб нигоҳдорӣ мешуданд, метавонанд аз ин боронҳо нам кашанд. Дар ҳолати расидани об хушкмеваҳо қобилияти нигоҳдории худро гум мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки ҳоло дар заминҳои кишоварзӣ ҳосили зироати полезӣ, ба мисли караму сабзӣ фаровон мебошад. Боронҳои рӯзҳои охир боиси зиёд шудани намӣ гардида, ба сабзиши онҳо мусоидат мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 24, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд
Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Баргу хазонро насӯзонед, зеро он ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад!
4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»