Дар Бадахшон конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд
ХОРУҒ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ конфронси 18-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Раиси Кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар вилоят Зунайда Раҷабзода изҳор дошт, ки «моҳи октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 438 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо фарогирии 15 ҳазору 994 аъзо сабти ном гардид. Давоми камтар аз чор сол 1050 нафар ба узвияти ин ҳизб дохил гардид. Давоми ду соли охир тамоми кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кумитаи вилоятӣ соҳиби мошинҳои хизматӣ ва биноҳои кории муосиру замонавӣ гардиданд. Шароити мусоиди кор имкон фароҳам овард, ки фаъолият боз ҳам густариш ёбад ва сатҳи ҳаёти сокинони шаҳру деҳоти вилоят баланд гардад».
Ҳар ҳизбу ҳаракати сиёсӣ вобаста ба мақсаду маром ва ҳадафҳои сиёсии худ мавқеи муайянеро дар ҳаёти ҷомеа касб карда, эътибори худро дар байни аҳолӣ боло мебарад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд. Соҳиби нуфуз ва эътибори хос будани ин ҳизбро давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд. Мардуми одӣ бо иштироки фаъолона дар ҷараёни интихобот ба тарафдории номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз доданд.
Изҳор гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум нақши мондагор дорад. Тарғиби арзишҳои олии тамаддуни инсонӣ маҳаки асосии ғояҳои ҳизб ба ҳисоб рафта, талошҳои муваффақонаи онро бо рушди соҳаи саноат, эътибори хосса ба соҳаи маориф, соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, бунёди иншооти азим ва ғайра метавон муаррифӣ намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми фаъолият манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мавқеи ҷамъиятӣ ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, зӯроварӣ ва экстремизму тероризм муборизаи беамон мебарад.
Конфронс Раёсати нави ин ҳизб ва вакилонро ба Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуд. Ҳамчунин ба як зумра аъзои фаъоли ҳизб ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






