Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавон дар назди Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа раисони Шурои олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, масоили вобаста ба таҳким ва тақвияти ҳамкории илмӣ байни олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Олимони ҷавон андешаҳояшонро оид ба корбурди минбаъда дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳамкории судмандро барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки илмӣ- таҳқиқотӣ таъкид намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






