Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Ба иттилои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, Конститутсия барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи 30-солаи амали Конститутсия бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон таъмин карда шуда, онҳо аз ҳар гуна тахдидҳои нави ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.
Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати конститутсионӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳованд» маърузаҳо шунида шуданд.
Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст.
Конститутсияи мардумии Тоҷикистон боз даҳсолаҳо барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Ватанамон хизмат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






