Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 19, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш  баргузор гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2024-2025 раёсати Созмони Шанхайро бар уҳда дорад, баргузор гардид.

Дар ҳамоиш   оид ба кӯшишҳои татбиқшаванда дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои таъмини рушди устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд. Иштирокдорон бо нақшаҳои раёсати Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар ин самт шинос шуданд.

Дар доираи ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки истеъдодҳои ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов, маросими анъанавии чойи чинӣ ва намоишгоҳҳои китоб ва хаттотии Чин баргузор гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 19, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар Остона ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуд
Роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона масъалаҳои экологӣ ва тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд