Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2024-2025 раёсати Созмони Шанхайро бар уҳда дорад, баргузор гардид.
Дар ҳамоиш оид ба кӯшишҳои татбиқшаванда дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои таъмини рушди устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд. Иштирокдорон бо нақшаҳои раёсати Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар ин самт шинос шуданд.
Дар доираи ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки истеъдодҳои ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов, маросими анъанавии чойи чинӣ ва намоишгоҳҳои китоб ва хаттотии Чин баргузор гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






