Дар Душанбе Форуми байналмилалии дипломатияи мардумӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтидори дипломатияи мардумӣ: суратмаҷлисҳои нави ҳамкорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин» Форуми байналмилалии дипломатияи мардумӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум дар доираи омодагӣ ба Саммити байналмилалии ҷамъиятӣ, ки соли 2025 баргузор мегардад, доир шуд.
Иштирокчиёни форум масъалаи истифодаи воситаҳои дипломатияи мардумӣ тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ ва рушди равандҳои ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин таҷрибаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, илм, маориф ва инсондӯстиро барои тарғиби қолабҳои беҳтарин ва ғояҳои инноватсионӣ мубодила карданд.
Иброз гардид, ки дар шароити муосир аҳамияти дипломатияи мардумӣ афзуда, он дар муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тақвияти эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва халқҳо нақши фаъолтар мебозад. Аз ин рӯ, зарурати якҷоя ҷустуҷӯ кардан, татбиқ намудан ва тарғиби қолабҳои нави ҳамкорӣ байни созмонҳои ҷамъиятии давлатҳои гуногун, ташаккул ва тасдиқи суратмаҷлисҳои нави ҳамкорӣ ба миён омадааст.
Форум дар доираи барномаи Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 26 октябр идома меёбад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






