Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар форум иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъ 400 нафар дар назар аст.
Дар форум муҳокимаи мавзуъҳои зерин, аз ҷумла «Рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва эктремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо» ва дигар мавзуъҳо дар назар дошта шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






