Дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Октябрь 23, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирокдоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки Форуми олимони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба минбари анъанавӣ барои баррасии масъалаҳо ва мавзуъҳои имрӯза, ояндадор ва ҳаётан муҳими ҷомеаи илмӣ, пешбурди муваффақонаи ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба, инчунин ба мустаҳкамнамоӣ ва рушд додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илм табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон якчанд нақшаву барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди илму маориф равона шудаанд, қабул гардида, амалӣ мегарданд.

Дар айни замон рушди илм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок эътироф шудааст. Фаъолияти олимони Тоҷикистон ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин беҳтар намудани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва рушди робитаҳои байналмилалии илмӣ нигаронида шудааст.

«Олимони Тоҷикистон дониш ва таҷрибаро ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона мекунанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид»,- гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Дар форум намояндаи Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони академияҳои илмҳои Тоҷикистон, Русия, Баларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ сухан намуданд.

Пас аз ҷаласаи пленарии форум ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин мизҳои мудаввар дар бахшҳо идома доранд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми бунёдӣ, инчунин такмили раванди рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 23, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид