Дар Душанбе оид ба нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад. Давоми 30 соли қабули Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рушд кард, ки ин ҳама ба сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки “Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асоси он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар сокини мамлакат ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархурдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосса дорад”.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона шуд ва дар ин замина якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки Конститутсия мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқиро ифода менамояд. Меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва ғайра дар умум ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз масоили мубраме аст, ки ҳар шаҳрванд тавассути он бояд ҳуқуқу озодиҳояшро ҳифз ва истифода карда тавонад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






