Дар Душанбе вобаста ба тартиби меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 24, 2024 16:48

ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ» машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитиа кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Раиси кумита иброз дошт, ки ин қарор бо мақсади оммавигардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, солимӣ ва омодагии аҳолӣ ба меҳнат ва ҳифзи Ватан қабул гардидааст. Ҳамасола шаҳрвандони аз 9 то 70-сола ва аз ин боло меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро дар асоси принсипҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ иҷро менамоянд.

Илова шуд, ки асоси ҳатмии иҷрои меъёрҳои миллӣ нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олии касбӣ ва  кормандони мақомоти давлатӣ татбиқ гардида, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи ихтиёрӣ меъёрҳои миллиро амалӣ месозанд.

Кумита ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташаббускори асосии иҷрои талаботи ин қарор буда, барои амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои гузошта бобати ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори омодагӣ  менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2024 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид