Дар Ереван ҷаласаи 34-уми прокуророни генералии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи 34-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, дар мавзуи «Нақш ва таҷрибаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва киберҷиноятҳо» суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарияти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Ҷумҳурии Арманистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи ҷаласа оид ба нақши мақомоти прокуратура дар самтҳои гуногуни фаъолияти прокуратура, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти прокуратура, ҳимояи манфиатҳои давлат дар ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон, ҳифзи соҳибкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони прокурорӣ ва тафтишотӣ, ташкили назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ва пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо табодули афкор доир шуд.
Ҷонибҳо барои таҳким бахшидани ҳамкории прокуратураҳои давлатҳои аъзо дар самтҳои номбаршуда ба мувофиқа расиданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






