Дар Хатлон созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» ва Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар шаҳри Бохтар форум ва намоишгоҳ бо мақсади беҳтар кардани савдои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар кори форум беш аз 400 нафар, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва харидорон аз Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон, Покистон, Британияи Кабир ва Озарбойҷон иштирок намуданд.
Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» ва Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» дар таъсиси равобити бозорӣ, рушди муколама байни бахши давлатию хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба мамлакат нақши муҳим мебозанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






