Дар «Кохи Суруш» маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад

Октябрь 17, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар «Кохи Суруш» маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо иштироки созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ ҳайати доварони байналмилалӣ ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун- тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.

Синамоҷоизаи миллӣ аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад. Барои рақобат дар он беш аз 50 филм пешниҳод гардидааст.

Дар маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар «Кохи Суруш» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

Октябрь 17, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд