Дар Муъминобод имсол 22 корхона ва коргоҳи саноатӣ бунёд ва навсозӣ гардид
МУЪМИНОБОД, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Муъминобод 22 толор ва майдончаи варзишӣ, 22 корхона ва коргоҳи саноатӣ, 25 бинои муассисаҳои таълимӣ, 20 шифохона ва бунгоҳи тиббӣ бунёд ва навсозӣ шуда, корҳои мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо ба анҷом расонида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои ҷамоати Шамсиддини Шоҳин, бинои омор, синфхонаҳои иловагӣ дар филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 –и Ҷамоати деҳоти Деҳи баланд идома доранд. Масъулин кӯшиш доранд, ки ҳарчи зудтар сохтмонро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Тавре мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳия Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, «бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмон идома дошта, кӯшиш дорем биноҳои нақшавиро сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоорем. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва бо маблағгузории ҳукумати мамлакат дар айни замон дар самти сохтмон мушкилӣ кам ба назар мерасад, чунки масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби пудратчиён сари вақт дастрас карда мешавад».
То ин давра дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи маблағҳо 11 миллиону 136 ҳазору 400 сомонӣ азхуд карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ дар ҳаҷми 10 миллиону 643 ҳазору 300 сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин давра 18 иншооти хизматрасонию маишӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






