Дар Муъминобод имсол 22 корхона ва коргоҳи саноатӣ бунёд ва навсозӣ гардид

Октябрь 20, 2024 14:30

МУЪМИНОБОД, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Муъминобод  22  толор ва майдончаи варзишӣ, 22  корхона ва коргоҳи саноатӣ,  25 бинои муассисаҳои таълимӣ, 20 шифохона ва бунгоҳи тиббӣ бунёд  ва навсозӣ шуда, корҳои мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо ба анҷом расонида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои ҷамоати Шамсиддини Шоҳин, бинои омор, синфхонаҳои иловагӣ дар филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 –и Ҷамоати деҳоти Деҳи баланд  идома доранд. Масъулин кӯшиш доранд, ки ҳарчи зудтар сохтмонро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Тавре  мудири  бахши сохтмон ва меъмории ноҳия Файзулло  Раҳимов иттилоъ дод, «бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия    сохтмон идома дошта, кӯшиш дорем биноҳои нақшавиро сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоорем. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Муъминобод ва бо маблағгузории ҳукумати мамлакат дар айни замон дар самти  сохтмон мушкилӣ кам ба назар мерасад, чунки масолеҳи сохтмонӣ  аз ҷониби пудратчиён сари вақт дастрас карда мешавад».

То ин давра дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи маблағҳо 11 миллиону 136 ҳазору 400 сомонӣ азхуд карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ  дар ҳаҷми 10 миллиону 643 ҳазору 300 сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин давра 18 иншооти  хизматрасонию маишӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети  ҷумҳуриявӣ  сохта, ба истифода дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар» 

 

Октябрь 20, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд