Дар ноҳияи Рашт ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
РАШТ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзону сокинони ноҳияи Рашт иди Меҳргонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд, зеро ин иди ҳосилот буда, ҳанӯз аҷдодони мо дар замонҳои гузашта онро бо шодию нишот ва бо нияти фаровонҳосилӣ ҷашн мегирифтаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки “Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат ва фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари давлати соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум ва ҳосилзамкунӣ мебошад».
Дар ҷамъомад хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшту шир, меваҷот, сабзавот, асал, мураббо ва шарбату нӯшокиҳои ташнагишиканро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин дар анҷоми ҳамоиш санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣ хотири сокинонро болида гардониданд.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






