Дар шаҳри Душанбе партовгоҳҳои замонавӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе барои беҳтар намудани ҳолати экологии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ имрӯзҳо дар назди биноҳои замонавии бунёдшаванда дар пойтахт нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунии зеризаминии дорои технологияи ҳозиразамон бунёд мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифат ва тарбияи экологӣ дар ҷомеа ва покиза нигоҳ доштани атрофи биноҳои баландошёна аз ҷониби сохтмончиён нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунии зеризаминӣ сохта шуда, мутобиқ ба талаботи экологӣ партовҳо ба навъҳо ҷудо гашта, сипас ба қуттиҳо ҷойгир карда мешаванд. Масалан, дар ҳар қуттӣ ҷойгир намудани кадом навъи партов навишта шудааст. Чунин тарзи муносибат ба партов имконият медиҳад, ки шаҳрвандон партовҳоро ба навъҳо ҷудо намуда, сипас онро ба қуттиҳо гузоранд.
Яъне, бо баланд гардидани маърифатнокии экологии аҳолӣ ва муносибати дилсӯзонаи шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист шароит фароҳам оварда мешавад, ки покизагии муҳити зист таъмин гашта, шаҳрвандон дар муҳити поку озода фаъолият намоянд.
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024 таъмир ва навсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ идома дорад. Барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгир намудани партов дар 50 нуқтаи осебпазири ҳудуди ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, ҳамарӯза назорат бурда мешавад.
Таъкид менамоем, ки тозагии атрофи биноҳои истиқоматӣ, атрофи нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, новаҳои обгузар, соҳили дарёҳо ва шафати роҳҳо бевосита ба фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон сахт марбут аст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз шаҳрвандон дарк накардаанд, ки ҷойгир намудани партов дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар вақти муайян муқаррар карда шудааст.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи сокинонро ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, махсусан ба ҷойгир намудани партов дар нуқтаҳои махсус ҷалб намуда, даъват менамояд, ки дар истифодаи партовгоҳҳои замонавӣ аз талаботи муқарраргашта истифода намуда, таъмини тозагиву озодагии пойтахтро риоя намоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






