Дар Тоҷикистон ҳавои охири фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳарорати моҳи ноябри соли равон чун ҳавои ноябри соли 2021 1-2 дараҷа паст дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳаво аз 7 то 10 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 7 дараҷа гарм мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона аз 9 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук ва рӯзона аз 23 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 6 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 18 то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Моҳи ноябр дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 5+6 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона аз 7 то 1, рӯзона аз 17 то 11 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 7+12 то 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона то 2+7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 3-8 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм, рӯзона аз 18 то 11 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар дошта шудааст
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябр ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, ҳаво 8-10 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ ҳаво шабона аз 11 то 18 дараҷа хунук, рӯзона аз -2-7 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






