Дар Тоҷикистон беш аз 610 гектар замин шудгор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маъмулоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон дар мамлакат шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ идома дорад. Имсол тибқи нақша дар 610 ҳазору 693 гектар шудгор гузаронида мешавад, ки то 18 октябр 53 ҳазору 764 гектар шудгор карда шудааст.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир заминҳоро бо намӣ таъмин ва барои гузаронидани шудгор хеле мусоид намуд. Ин боронҳо барои соҳаи боғу токпарварӣ низ фоидаовар мебошанд, зеро бо боридани борон ҳар гуна ҳашароти зараровари навдаву пояи дарахтон тоза мегардад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар ҳолати дермонӣ ва мусоид омадани обу ҳаво моҳи декабр низ заминро шудгор кардан мумкин аст. Хоҷагидорон ва мутахассисон бояд ин муҳлатҳоро риоя намоянд.
«Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок карда шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳо кам ва ё пурра нест мешаванд»,- гуфт Ҳикматулло Назиров.
Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурӣ таъмин гардад, аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнидан мумкин аст. Инчунин заминҳоро бо поруи маҳаллӣ таъмин намудан низ фоидаовар мебошад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Шудгор дар ҳавои сард тухми ҳама намуди алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро, ки ба афзоиши зироати кишоварзӣ халал ворид менамояд, пурра нест месозад.
Ба иттилои мутахассисон, пас аз шудгор агар замин ях бандад, ҳама гуна ҳашарот нобуд мегардад.
«Агар мо моҳи декабр шудгорро ба анҷом расонем, замин пурқувват ва аз нури Офтоб баҳраманд гардида, хусусияти биологияш зиёд мешавад. Ин омил ба баланд шудани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд», — гуфт Ҳикматулло Назиров.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид






