Дар Тоҷикистон сабти таваллуд ва фавт пурра ба системаи электронӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сабти таваллуд ва фавт пурра ба системаи электронӣ мегузарад. Зеро сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ба беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки афзалияти асосии система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ба шумор меравад. Яъне, система сабти саривақтӣ ва дақиқи рӯйдодҳоро таъмин намуда, ба тағйироти вазъияти демографӣ сари вақт посух медиҳад. Инчунин он дар беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ мусоидат мекунад. Бо ин роҳ маълумоти воқеии таваллуд ва фавт имконият медиҳад, ки захираҳо беҳтар нақшагирӣ шаванд ва эҳтиёҷ ба хизматрасонии тиббӣ пешгӯӣ гардад.
Ба андешаи масъулин, автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам намуда, эҳтимоли хатоиҳоро коҳиш медиҳад.
Ҳамчунин афзалияти дигари система дар нигоҳдории маълумот ва махфияти он низ ном бурда мешавад. Система ба таври қатъӣ меъёрҳои амнияти иттилоотиро риоя мекунад, ки ин кафолати муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






