Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошим барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам аст
ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ҷавонону наврасони Ишкошим машқу тамрин ва мусобиқаҳои сатҳи баландро дар варзишгоҳи марказии ноҳия, ки 13 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, гузаронида, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иттилоъ медиҳад, маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардидааст ва дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ 60%-и кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ таъмин карда шуданд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 30 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 1 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.
Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ишкошим баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 2220 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 7 бинои таълимии дигар барои 1100 ҷойи нишаст идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС:Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






