Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ҳайати Бонки осиёии рушд вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо ҳайати Бонки осиёии рушд, ки дар Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои кумакҳои техникии «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим», «Дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ ва шаффофият дар Тоҷикистон» ва «Ноил шудан ба ҳадафҳои тағйирёбии иқлим тавассути ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи сафари ҳайати Бонки осиёии рушд барои кормандони вазорату идораҳои дахлдор машваратҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои мавриди назар баргузор карда мешаванд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






