«ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 9, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикору иқдоми судманди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе ба макони дилфиреб, назаррабо ва шаҳри дар ҳама самтҳо пешрафта табдил гардид.

Шаҳри Душанбе ҳоло на фақат ба сифати пойтахти маъмурии давлати озоди Тоҷикистон, балки чун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон ва макони меҳварии ваҳдати халқи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Бунёди роҳҳо, бинову иншооти муҳташам, корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои фарҳангиву тафреҳӣ ва тиҷоратӣ, боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти маъмуриву хизматрасонӣ нишони иқдоми созандаи Роҳбари ҷавони шаҳр буда, раванди ташаккули тамаддуни миллатро дар худ инъикос мекунанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки замони асосии рушду пешрафт ва ба шаҳри ободу мутараққӣ табдил ёфтани Душанбе маҳз ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, хусусан аз замони ба мақоми роҳбарӣ таъйин гардидани Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат вориди марҳилаи нави рушду пешрафт шуда, симояшро комилан дигар намуд.

Душанбеи имрӯза ифодагари симои аслии давлату миллати куҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосса дорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Октябрь 9, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд