ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ ДУР НАСОЗЕД! Соли 2023 44 000 нафар хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд

Октябрь 8, 2024 16:07

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд. 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад. Таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳалаи ниҳоӣ ва муҳим барои ҳар фарди ҷавони ҷ умҳурӣ – ҳам писарон ва ҳам духтарон мебошад. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи Дониш 1 сентябри соли равон баён намуданд.

Таҳлилу мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки ҳам ҷавонон ва ҳам устодон ва падару модарон барои таҳсил дар ин зинаи муҳимми таълим чандон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд. Бинобар ин, аз ҷониби Сарвари давлат дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!

«Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд.Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем»,-чунин муроҷиат намуданд Пешвои миллат ба падару модарон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки волидайн дар ёд дошта бошанд, ки баробари ба шавҳар додани духтар ва оиладор кардани писар масъулияти онҳо дар назди фарзанд ба охир намерасад.

«Мову шумо то рӯзе, ки дар қайди ҳаёт ҳастем, шарики тақдири фарзандонамон мебошем. Пас, биёед, ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтаронамон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонем, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд».
Президенти мамлакат барои тақвияти гуфтаҳояшон мисол оварданд, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ мушоҳида намудаанд, ки аксари коргарон занони миёнсолу калонсол мебошанд.

«Вақте мепурсам, ки барои чӣ дар вақташ нахондед, ки соҳиби илму дониш шавед, ҷавоб медиҳанд, ки шароиту имконият надоштем. Яъне имрӯз онҳо, ҳарчанд ки соҳиби маълумот ва касби мушаххас нестанд, барои пеш бурдани рӯзгору зиндагии худ кор карда истодаанд.Ҳоло, ки ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё шудаанд, падару модарон бояд фарзандони худро хононанд»,-ёдовар шуданд Роҳбари давлат.

Ин суханони пурҳикмати Сарвари давлатро бояд имрӯзҳо волидайн сармашқи кори худ дар кори таълиму тарбияи фарзанд қарор диҳанд. Тавре Пешвои миллат ҳидоят намудаанд: «мо бояд ин корҳоро, ҳамчунин, ба он хотир анҷом диҳем, ки фарзандонамон оянда дар зиндагӣ муҳтоҷу саргардон нашаванд, фирефтаи ақидаҳои харобкорона ва ваъдаҳои дурӯғу ғаразноки гурӯҳҳои иртиҷоӣ нагарданд, ақаллан фарзандони худашонро дуруст таълиму тарбия дода тавонанд. Бори дигар таъкид месозам, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад. Бинобар ин, фарзандонро аз илму маориф дур насозед».

Дар воқеъ, дар натиҷаи муносибати рӯякӣ ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон, саҳлангорӣ ва бетарафӣ аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, падару модарон ва аҳли ҷомеа баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба доми созмонҳои ифротиву террористӣ гирифтор мешаванд ва ояндаи худро барбод медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи тағйироти воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд. Зимни баррасии ин масъала дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум (20.02.2024) гуфта шуд, ки тағйиру илова ба қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст.Ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки монеи таҳсили фарзандон мешаванд, пурзӯр гардид.

Бояд гуфт, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома ёфта, дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Дар айни замон аз ҷониби масъулин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия карда шудааст, ки асоси заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ мебошанд.

Айни замон дар Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дошта, шуғлу касбҳои талаботи замони муосирро ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ меомӯзанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2024 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаронида шуданд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун омили рушди устувор конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш меёбад
Дар Душанбе конференсияи минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика 18 медал ба даст оварданд