ФУТБОЛ. Дар Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 оид ба футбол бо иштироки бошгоҳҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
22 октябр чемпиони Тоҷикистон- бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи «С» бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун бозӣ мекунад. Ин бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Ноибчемпиони мамлакат- дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 23 октябр дар доираи бозии даври сеюми гурӯҳи «А» дар Душанбе бо «Трактор»-и Эрон рақобат мекунад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ибтидо ин бозӣ мебоист дар Эрон баргузор мешуд, аммо бошгоҳҳо табодули давр карданд. Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳӣ 6 ноябр «Трактор» ва «Равшан» дар Табрез бозӣ мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






