ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишӣ дастаи Малайзияро мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин бозӣ, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи «Таман Унгку Тун Амина»-и шаҳри Ҷоҳори Малайзия баргузор шуд, бо пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Меҳрубон Одилзода аз ҳайати дастаи мо дубл кард.
18 октябр тимҳои наврасони Малайзия ва Тоҷикистон боз бозии санҷишӣ доир мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳои даври интихобӣ дар Сингапур баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






