Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби симкортҳо бо рақамҳои тиллоӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар идораи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон вохӯрии дӯстона баргузор гардид. Мавзуи асосӣ ба муҳокимаи лоиҳаҳои оянда, ки барои дастгирии варзиш дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, вобаста буд. Дар фарҷом ба ҳамаи бозигарони фаъол ва сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ рақамҳои тиллоӣ бо хизматрасонии пардохтшудаи алоқа ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.
Дастгирии соҳаи варзиш давоми солҳои зиёд ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» маҳсуб мешавад. Шуруъ аз тобистони соли 2024, дар баробари ба имзо расидани шартномаи ҳамкорӣ байни оператор ва Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои мураттаб оғоз гардиданд, ки ҳадафи онҳо ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди футбол дар ҷумҳурӣ мебошад. Аввалин рӯйдоди бузург фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо» буд, ки 1 сентябр ҳазорон меҳмононро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе ба ҳам овард.
Вохӯрии нав бо бозингарон ва мураббиён имкон дод, ки дар фазои дӯстона лоиҳаҳои минбаъда муҳокима шаванд. Яке аз вазифаҳо таҳкими робита байни футболбозон ва мухлисон, махсусан ҷавонон мебошад. Аллакай моҳи ноябр дар толорҳои алоқаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҷамъомадҳои аксгириву соядастгузорӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо дӯстдорони варзиш метавонанд бо варзишгарони маҳбубашон акс гирифта, ба онҳо савол диҳанд ва тӯбҳоро бо имзои онҳо туҳфа гиранд.
«Ман боварӣ дорам, ки чунин мулоқот ба ҷавонон неруи варзишӣ мебахшад ва дар қалби онҳо орзуи пирӯзиву гузоштани рекордҳои шахсиро пайдо мекунад»,-мегӯяд котиби кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов.
Ҳамчун рамзи эҳтиром нисбат ба варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба бозигарон ва сармураббии тими миллӣ симкортҳо бо рақамҳои тиллоӣ туҳфа кард. Маблағи хизматрасониҳои алоқаи онҳо пешпардохт шудааст ва онҳо метавонанд бо наздикон муошират намоянд ва аз дилхоҳ гӯшаи дунё хушнудии пирӯзии худро расонанд.
«Барои ҳар футболбоз дастгирии оила, дӯстон ва махсусан мухлисоне, ки ба фазои бозӣ таъсир мерасонанд, муҳим аст. Мо омодаем, ки тими миллии ҷумҳуриро ҳарчи бештар дастгирӣ намоем. Орзу дорам, ки рақамҳои тиллоӣ ба рамзи тилло дар ҷоизаҳои ояндаи футболи тоҷик мубаддал гарданд!»,- иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов дар ҷамъбасти вохӯрии дӯстона.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд






