Хонандагони тоҷик дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ соҳиби медали тилло шуданд

Октябрь 17, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 17.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, соҳиби медали тилло гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ҷумла, дар ин мусобиқа хонандагони синфҳои 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фирӯз Искандаров, Аъзам Ибрагимов ва Шукрулло Ниёзов иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки хонандагони муассиса дар баробари иштироки фаъолона ва ғолиб гардидан дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии варзишӣ низ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва ғолиби мусобиқаҳо мегарданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

Октябрь 17, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд