«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон

Октябрь 14, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Дар ин робита АМИТ «Ховар» доир ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ки дар оянда маҳсулоти истеҳсолиашро таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» ба хориҷи мамлакат, хусусан давлатҳои минтақа содирот менамоянд, маълумот медиҳад.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» маркетологи Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод» Абубакр Файзуллоев иттилоъ дод, ки корхонаи мазкур моҳи октябри соли 2023 дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ҳадафи корхона истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон мебошад, ки ин аз пешрафти соҳибкорӣ дар мамлакат башорат медиҳад.

Дар корхона хатҳои технологии муосир бо идораи барномасозии рақамӣ аз пешрафтатарин истеҳсолкунандагони Италия, Финландия, Олмон, Туркия ва Чин насб гардидаанд. Корхонаи «Имод» аз 4 коргоҳ- коргоҳи мукаммалсозии таҷҳизоти барқӣ, коркарди варақаҳои пӯлодӣ, коркарди конструксияҳои оҳанӣ ва руҳандуднамоӣ иборат аст. Дар он 40 намуд маҳсулот, аз ҷумла таҷҳизоти барқӣ, металлоконструксияҳои гуногун, ҳисобкунакҳои барқии зеҳнӣ, лавҳаҳои мукаммали 0,4; 6 ва 10 кВ, лифт, обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, дари оҳании даромадгоҳҳо, лифтҳо, курсиҳо ва пояҳои оҳанини гуногуни равшаннамоӣ барои гулгашту хиёбонҳо, ороишот аз варақаҳои пӯлодӣ, гулдонҳои оҳанӣ, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояи хати ҳавоии баландшиддат, монеадевор барои роҳҳои автомобилгард ва дигар намуди маҳсулоти металлӣ истеҳсол карда мешаванд. Бархе аз таҷҳизоти ин корхона дар неругоҳҳои барқи обии мамлакат насб гардидаанд.

Абубакр Файзуллоев иброз намуд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ муштариёни зиёд дорад. Хусусан таҷҳизоти барқии он, ки дар корхона истеҳсол мегарданд. «Алҳол дар корхона обгармкунаки офтобӣ истеҳсол мешавад, ки истифодаи он барои шахсоне, ки дар ҳавлиҳо ва деҳаҳо зиндагӣ мекунанд, хеле муносиб ва судманд аст»,- гуфт мусоҳиби мо.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 300 000 ҳисобкунаки барқии интелектуалӣ, 10 000 лавҳаи мукаммали пастшиддати 0,4;6 ва 10 кВ, 600 истгоҳи мукаммали трансформатории 6 ва 20 кВ, 24 000 дари оҳанӣ, 40 000 обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, 50 000 тонна пояи оҳании хатҳои баландшиддат, 130 000 метр монеадевори роҳҳои автомобилгард, 500 000 хомӯшкунаки худкор, 10 000 пояи оҳанӣ барои равшаннамоӣ, 12 000 тонна болори дутарош ва 20 000 тонна конструксияи оҳании мухталиф мебошад.

Ҳадафи корхона пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намудани бозори дохилии мамлакат мебошад.

Давлатҳои Чин, Русия ва Узбекистон аз шарикони асосии корхонаи «Имод» буда, дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки дар Душанбе мағозаи махсуси дилерӣ ифтитоҳ карда шавад. 70 фоизи ашё ва таҷҳизоте, ки барои истеҳсоли маҳсулот истифода мегарданд, дар корхона истеҳсол шуда, боқимондааш аз Чин ворид карда мешавад. Дар корхонаи «Имод» 700 мутахассиси маҳаллӣ фаъолият дошта, 30 фоизи коргаронро занон, ки қаблан хонанишин буданд, ташкил медиҳанд. Аксари занон дар ин ҷо ба кори техникӣ — бандубасти таҷҳизоти барқӣ машғуланд.

Ҳафсуҳбати мо афзуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ин давлат ба Тоҷикистон мутахассисон барои гузаронидани даврҳои омӯзишӣ даъват карда шуданд. Онҳо бо кормандони корхона, хусусан занон даврҳои семоҳаи омӯзишӣ гузарониданд.

Бояд гуфт, ки «Имод» калимаи қадимии тоҷикӣ буда, маънояш сутун, поя ва такягоҳ аст. Аз ин рӯ, шиор ва ҳадафи асосии роҳбарият ва аҳли кормандони ин корхонаи саноатии мамлакат «сутуни сифат ва инноватсия» будан ва саҳм гузоштан дар таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ дар мамлакат мебошад.

«Дар Тоҷикистон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол соҳибкорӣ рушд ёфта, ба соҳибкорон имтиёзҳо пешниҳод мегарданд. Дар асоси ин имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва ҷойҳои нави кор таъсис дода мешаванд. Ин аст, ки соҳибкорони ватанӣ дар рушди саноатикунонии босуръати мамлакат ва раванди корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд»,- афзуд дар анҷом маркетологи Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод» Абубакр Файзуллоев.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 14, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»