Имсол аз шаҳри Турсунзода ба хориҷи мамлакат 11 ҳазор тонна ангур содирот гардидааст

Октябрь 23, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. То нимаи аввали моҳи октябр дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Айни замон дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Шаҳри Турсунзода бо кишоварзони соҳибтаҷрибааш дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар ин минтақа боғу токпарварӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Дар токзори хоҷагиҳои шаҳр ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сафед», «Кишмиши сиёҳ», «Президент», «Аватар» ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 17 октябри соли равон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ангурзори хоҷагии мазкур ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 4 октябр дар ҷумҳурӣ 340 ҳазору 941 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 92 ҳазору 538 тоннаи онро ангур ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад, ки 39 ҳазору 922 гектараш токзор аст.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 августи имсол дар 495 гектар боғ ва дар 25,8 гектар токзор бунёд намудаанд. Инчунин дар ин давра 219 гектар боғ ва 32,5 гектар токзор барқарор гардидаанд.

Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: пешпазак — чиллагии сафед, зарифӣ, ҳисории пешпазак; миёнапазак — кишмиши сиёҳ, кишмиши хушрӯ, кишмиши сафед, ҳусайнии сафед, қароҷанҷол, султонӣ, шакарангур, анзоб; миёнапазак — тоифии сурх, нимранг; шаробӣ — саперавӣ, ркатсителӣ, мускати сурх, тавкверӣ, тербаш, тагобӣ, морастел, рислинг, алиатико, алиготе, расмӣ, кӯлҷонӣ, пинос, сиёҳ ва ғайра.

Бояд гуфт, ки 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Ин барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.

Бо амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор дар мамлакат бештар мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 23, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Коргоҳи истеҳсоли пойафзоли шаҳри «Бӯстон» ба бозор маҳсулоти босифат ва рақобатпазир пешниҳод менамояд
Ҳаҷми қарзҳои дар шашмоҳаи якуми соли 2025 додашуда 13,7 миллиард сомониро ташкил дод
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Тоҷикистон бо Эрон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 1652 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба андозаи 9,4 фоиз устувор гардид»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли 2025 1,8 фоизро ташкил намуд
Дар вилояти Суғд ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд
Дар шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Оид ба оғози раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0.) ҳамоиш доир шуд
Вобаста ба истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда дар иқтисодиёти «сабз» ҳамоиш доир шуд