«КИШВАРИ САБЗ». Дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех дарахт шинонида мешавад

Октябрь 9, 2024 15:26

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи миллии «Кишвари сабз» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар канори кадом роҳҳо бояд дарахт шинонид?

Корҳои сабзазоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳо дар шоҳроҳҳои байналмилалии мошингарди «Душанбе – Кулма» ва «Душанбе – Чанок», аз ҷумла дар қитъаҳои роҳҳои «Айнӣ – Панҷакент», «Обигарм – Нуробод», «Хулбук –Темурмалик – Кангурт», «Данғара – Левакант – Бохтар», «Қалъаи Хумб – Ванҷ», «Қизилқалъа – Бохтар», «Душанбе – Бохтар», «Бекобод – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом», «Гулистон – Фархор», «Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус», «Данғара – Гулистон – Кӯлоб», «Рӯшон – Хоруғ – Кулма», «Хуҷанд – Конибодом» ва «Хуҷанд – Ашт» ба нақша гирифта шудаанд.

Дарахтшинонӣ дар шафати роҳҳо чӣ манфиат дорад?

Ба андешаи мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва нақлиёт, шинонидани ниҳоли дарахтон дар шафати роҳҳо ҳатмӣ аст, зеро ин дарахтон ҳам барои зебоӣ ва ҳам барои соя намудан мусоидат мекунанд. Дар роҳҳои берун аз шаҳр одамон дар сояи дарахтон истироҳат менамоянд. Роҳҳои бо дарахтон ородода хеле зебо ба назар мерасанд. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳо ва минтақаҳои ҷойгиркунии объектҳои истироҳати оммавӣ ба муҳити атроф талаботи махсус гузошта мешавад, аз ин рӯ, хати паҳншавии газҳои зарарноки аз мошинҳо хориҷшаванда ва минтақаи наздироҳии нақлиёт ба назар гирифта мешавад. Инчунин дар наздикии роҳҳое, ки ҷамъшавии гази карбон хеле баланд аст, шинондани дарахтон муфид мебошад.

Дарахтон гази карбонро ҷаббида, оксиген хориҷ мекунанд

Дарахтон метавонанд гази карбонати барои саломатии одамон зарароварро ҷаббида, оксиген хориҷ кунанд. Аз ин рӯ, ҳар қадаре, ки дарахтон дар канори роҳҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар ҳавои тоза бештар мешавад. Ҳамзамон хати дарахтон ва пиёдагардҳои сабз дар канори роҳҳои автомобилӣ барои муҳофизат аз барф ва хокбориш ҳангоми шамоли сахт, селу тарма, вазиши шамол ва оби заминҳои назди роҳҳо пешбинӣ шудаанд. Омили дигари дар шафати роҳҳо шинонидани дарахтон он аст, ки дарахтон дар канори роҳҳои мошингард гармии зиёди офтобро коҳиш медиҳанд. Пӯшиши асфалтубетонии роҳҳо зуд гарм ва дер хунук шуда, ҳарорати ҳавои атрофро муддати тӯлонӣ баланд нигоҳ медорад. Дарахтон кам гарм мешаванд, зеро қисми радиатсияи Офтоб танҳо ба сатҳи болои онҳо — шоху баргҳо мерасад.

Дарахтон гармиро коҳиш медиҳанд

Дарахтони сабз на танҳо гармии тобистонро коҳиш медиҳанд, онҳо ҳамзамон намии нисбии ҳаворо тақрибан 15-30 фоиз зиёд мекунанд. Чунин ҳаво барои нафаскашии одамон мувофиқ аст, зеро афзоиши намӣ ба паст шудани ҳарорати ҳаво мусоидат мекунад. Ронандагон низ бо дидани манзараҳои зебо- дарахтони зичи канори роҳ ором шуда, диққати худро ба роҳ равона мекунанд.

Сояи дарахтон чашмони ронандагонро аз нурҳои Офтоб ҳифз менамоянд

Инчунин дарахтон барои инзивои (изолятсияи) садои роҳ низ манфиатовар ҳастанд. Аксаран дар наздикии роҳҳо деҳаҳо ва шаҳрҳо ҷойгир мебошанд. Дарахтон садоеро, ки аз ҳаракати мошинҳо дар роҳ ба вуҷуд меояд, ба худ мегиранд ва ба ин васила оромии мардумро муҳофизат мекунанд. Инчунин вақте ки нурҳои Офтоб чашмро хира месозанд, рондани мошин хеле ногувор аст, зеро чашмҳо хаста мешаванд. Дар ин маврид дарахтон бо сояи худ ронандагонро аз Офтоб муҳофизат мекунанд.

Дар доираи барномаи «Кишвари сабз» 65 миллион бех бутта ва дарахт шинонида мешавад

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 «Барномаи миллии «Кишвари сабз» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид. Тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинонидани 65 миллион бех дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст. Барномаи «Кишвари сабз» бо мақсади кам кардани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист қабул шудааст. Он дар ду марҳила амалӣ карда мешавад: марҳилаи аввал солҳои 2023-2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026-2027. Маблағи умумии лоиҳа 129 миллиону 875 ҳазор сомонӣ (беш аз 11,8 миллион доллар) — ро ташкил медиҳад.

Бартарӣ ба кадом навъи дарахт дода мешавад?

Дар доираи ин барнома бештар аз ҳама дарахтони мевадиҳанда, садбарг, ангат, санавбар, сафедор, ақоқиёи сафед, павловния, сарв ва саксавул шинонида мешаванд.

Барои ҳар кадоми онҳо аз 200 то 275 гектар қитъа ҷудо карда мешавад. Майдонҳои хуч (настаран) ва ангат на танҳо аҳамияти ороишӣ, балки аҳамияти хоҷагидорӣ низ доранд. Барномаи «Кишвари сабз» инчунин парвариши навъҳои босифати чормағз, писта, олу, бодом ва ғайраро пешбинӣ мекунад, ки майдонҳои онҳоро бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ таъсис медиҳанд.

Як самти барнома мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санади муҳим дар ин самт – «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Тадбирҳое, ки ин барнома пешбинӣ мекунад, ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд.

Барномаи кабудизоркунӣ ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» асос ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои татбиқи самараноки ин барнома тадбирҳои мушаххас андешанд. Тибқи ин барномаҳои давлатӣ, ки ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 асос ёфтаанд, ба Вазорати нақлиёти мамлакат супориш дода шудааст, ки якҷоя бо идораю муассисаҳои тобеъ дар канори роҳҳои мошингард 5 миллион бех ниҳол ва дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 9, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст