Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон

Октябрь 31, 2024 09:59

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 2024 барои мардуми тоҷик рӯзи таърихию фархунда ва фаромӯшношуданӣ аст, зеро 30 сол муқаддам- 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар нахустин моддаи ин санади сарнавиштсоз хусусияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид. Ин арзишҳо собит менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфтааст.

Бо қабули ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.

Эъломияи соҳибихтиёрӣ ба қабули Конститутсия замина гузошт

Омили асосие, ки ба қабули Конститутсия замина гузошт, Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Конститутсия аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва дурнамои рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсия дар худ арзишҳои демократии сохтори конститутсионӣ — соҳибихтиёрӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентиро инъикос намуд.

Конститутсия дар давраи мураккабу ноором қабул гардид

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ба давраи мураккабу ноороми ҷамъиятиву сиёсии мамлакат рост омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд. Комиссия дар зарфи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Дар байни аъзои комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳо ба амал меомад ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон пазируфта шуд.

Инчунин Конститутсияи давлатҳои мухталифи ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти таҳияи Конститутсия истифода гардид. Конститутсияи Тоҷикистон бо назардошти андешаву пешниҳодҳои мардуми Тоҷикистон таҳия гардид, ки дар он орзуи тоҷикон барои бунёди давлати муосири дунявӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин росто қабули Конститутсия барои мардуми тоҷик дар масири таърих дастоварди бузург аст.

Меъёрҳои Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқиянд

Конститутсия Истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, дурнамои рушди ҷомеаи навинро муайян ва бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин намояд. Ин санади сарнавиштсоз инъикосгари арзишҳои ҳуқуқӣ буда, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ инъикос намудааст. Ин талабот дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар қисми аввали моддаи 10-и ин санади муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия ибтидо мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин рӯ, меъёрҳои Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст

Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи мамлакат риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон қабул шуда, дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа вобаста аст.

Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро муайян намуд

Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. То ин вақт беш аз 20 Кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ ва миллӣ қабул гардиданд, ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муассир мегузоранд.

Ба Конститутсия се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд

Бо мақсади мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҷаҳонӣ дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки минбаъд ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шоха -таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ, таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии низоми судиро фаро гирифта, дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардид. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир арзёбӣ мегардад. Се маротиба ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бозгӯи он аст, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуданд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон

Дар сархати Конститутсия халқи Тоҷикистон қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардидааст. Тоҷикистон дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтааст ва онҳоро татбиқ менамояд.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия Тоҷикистон иштирокчии садҳо санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб шуда, мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон пазируфтаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони муътабари байналмилалӣ аст. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, об ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу суботи сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон даъват менамоянд.

Ин иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, қатъномаҳо қабул гардиданд. Ин мояи сарфарозӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон аст.

Конститутсия дар эъмори давлатдории муосири тоҷикон нақши бузург дорад

Нахустин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил ҳамчун санади сарнавиштсоз дар эъмори давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Конститутсияи Тоҷикистон дар худ ормони тоҷиконро инъикос намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушараф гардидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, фароҳам овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик дастоварди бузург дар қарни ХХ маҳсуб шуда, бозгӯи саъю кӯшишҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушд ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён мебошад.

Конститутсия-сутуни устувор дар тақвияти пояҳои давлатдории муосир

Конститутсия самараи андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи Тоҷикистон буда, ин санади тақдирсоз бо шарофати иродаи қавӣ, хиради азалии мардуми тоҷик қабул гардид ва ҳамчун сутуни устувор дар тақвияти пояҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидат намуд.

Қабули Конститутсия дар бунёди давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Бо гузашти 30 сол аз қабули ин санади тақдирсоз дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоии мамлакат, хусусан дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки бунёди даҳҳо иншооти бузурги саноатию коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикии аср дар мамлакат далели ин гуфтаҳо аст.

Ҷомеаи Тоҷикистони муосир дар қарни ХХI дар чаҳорчӯби ин санади сарнавиштсоз — Конститутсия кору зиндагӣ намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо назари нек менигаранд.
Аз нахустин рӯзҳои қабули Конститутсия дар назди давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик рисолат ва вазифаҳои бузурги таърихӣ вогузор гардид. Ташкил ва тақвияти рукнҳои муҳими давлатдории муосири миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оғози раванди бунёдкорӣ аз вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб мешуданд.

Конститутсия ба рушди Тоҷикистон замина гузошт

Яке аз вазифаҳои муҳимми таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия- дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард. Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуд. Ин аст, ки дар мамлакат бо мақсади рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд.

Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Конститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр далели ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки Тоҷикистон бо қабули Конститусия дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор ниҳода, кафолати ташаккули озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, озодии сухан ва воситаҳои ахбори оммаро кафолат дод.

Меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қутбнамо моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамун месозанд.

Конститутсия таъмини зиндагии осоиштаро кафолат додааст, аз ин рӯ дар қарни ХХI рисолати муқаддаси ҳар яки мо, дар маҷмуъ кулли тоҷикони бонангу ор аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст намуд, эҳтиром гузорем, дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо зиндагӣ намоем, муқаррароти онро дар ҳаёт татбиқ созем ва дар асоси Конститусия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан раванди бунёдкорӣ, ки фардои дурахшони мамлакат ба он иртиботи қавӣ дорад, саҳми босазо гузорем.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамо моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамун сохта, водор менамоянд, ки бо риояи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи муосирамонро дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо бояд нагузорем, ки нотавонбине ба Истиқлоли миллӣ ва суботу амнияти давлатамон халал расонад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 31, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон