Моҳи ноябр Саммит оид ба баррасии бемориҳои саратон тариқи онлайн баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли равон Саммит оид ба баррасии бемориҳои саратон бо иштироки мутахассисони саратоншинос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи онлайн доир мегардад. Дар ин хусус 16 октябр зимни баргузории машварати онлайнӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварат ҳамкорӣ бо мутахассисони саратоншиноси Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ дар мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарнамоӣ ва пешгирии бемориҳои саратонӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим амалӣ менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






