Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд

Октябрь 3, 2024 15:29

ДУШАНБЕ, 03.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор ва муосиркунонии низоми омори миллӣ дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд доир мегардад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар форум 150 нафар мутахассисону коршиносони ташкилоти байналмилалӣ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.

Ҳадафи форум аз ҷамъ овардани намояндагони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз он иборат аст, ки ба раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд.

Дар форум тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии (бунёдии) омори расмӣ, баррасии истифодаи зеҳни сунъӣ дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ дар баҳисобгирии оморӣ ва истифода бурдани манбаъҳои алтернативии маълумот баррасӣ мешаванд.

Дар ҳошияи форум тибқи рӯзнома намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми баҳисобгирии оморӣ ва муосиркунонии низоми баҳисобгирии оморӣ» маъруза намуд. Форум 2 октябр оғоз гардида, то 4 октябр идома меёбад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2024 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид
Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад