Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Октябрь 18, 2024 14:43

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён оид ба дастовардҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон сухан гуфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд. Дар он роҳбарони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои амалисозии маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун механизми муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва нақши мақомоти адлия дар баланд бардоштани сифати хизмати ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. «Ин арзишҳо собит месозанд, ки давлат бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Дар ҳамин робита баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад»,-иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон, эҳтироми он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ташкили механизми самарабахши ҳамкории давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 18, 2024 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»