Намояндаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати Алянси фарогирии молиявӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати Алянси фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI), ки дар шаҳри Сан-Салвадори давлати Ал-Салвадор баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи Форуми глобалии сиёсати AFI ҷаласаи умумии солонаи AFI, мусоҳибаю вохӯриҳои дуҷониба, ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) доир гардид.
Дар ҷараёни чорабиниҳо масъалаҳои марбут ба сиёсати инноватсионӣ барои фарогирии ҷаҳон, рақамикунонӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра муҳокима шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо- ин ҳавасмандгардонӣ дар самти татбиқи сиёсати инноватсионии фарогир ва ба ин васила кумак намудан дар амалӣ гардидани сиёсати рушди дастрасии молиявӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои AFI, мубодилаи таҷрибаю ғояҳо, моделу амалияҳои сиёсати инноватсионии ба фарогирии муваффақ ва таъсирбахшии молиявӣ мусоидаткунанда буд.
Дар Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ, аз ҷумла дар бораи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани ҷаласаҳои ду гурӯҳи кории AFI (хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFSWG) ва стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG)) эълон гардид.
Дар доираи баргузории чорабинии Форуми глобалии сиёсати Алянси фарогирии молиявӣ (AFI) намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои кории васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат дар бозор (CEMCWG), Маълумот дар бораи фарогирии молиявӣ (FIDWG), Стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ (FISPWG) ва маблағгузории корхонаҳои хурду миёна (SMEFWG) иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи 28-уми Гурӯҳи корӣ оид ба васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат бо бозор (CEMCWG) дар хусуси ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, имконият ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт муҳокимаронӣ доир шуда, барои муайян намудани қадамҳои оянда имконият фароҳам оварда шуд. Илова ба ин, аз ҷониби бонкҳои марказии Малайзия, Уганда, Салвадор, Гондурас ва Филиппин рунамоҳо дар мавзуи дахлдор пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Инчунин зимни фаъолияти Гурӯҳи корӣ вобаста ба маълумоти фарогирии молиявӣ (FIDWG) дар самти пешбурди омори нишондиҳандаҳои асосии фарогирии молиявӣ, методологияҳои андозагирӣ, моделҳои сиёсати фарогирии молиявӣ дар таҷрибаҳои ғании кишварҳои аъзои AFI баррасӣ гардида, оғози фаъолияти зергурӯҳ вобаста ба таъсиси “Равзанаи ягонаи иттилоотӣ барои дастрасии маълумот” эълон карда шуд.
Дар ҷаласаи 25-уми Гурӯҳи Стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ (FISPLG) кишвари Салвадор таҷрибаи худро дар татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2021-2024 ва ташаббусҳои минбаъда дар ин самт муаррифӣ намуд. Ҳамзамон масъалаҳои баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби аъзои AFI, таҳияи стратегияҳои фарогирии молиявии навбатӣ, гузариш ба стратегияҳои миллии устувори фарогирии молиявӣ (SNFIS) ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласаи 23-юми Гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории корхонаҳои хурду миёна (SMEFWG) мубодилаи таҷриба вобаста ба масъалаҳои сиёсати маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, самаранокии бозор, соҳаҳои афзалиятнок, механизмҳои алтернативии маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, инфрасохтори қарз, заминаи ҳуқуқии танзими он гузаронида шуданд. Илова ба ин, дар раванди корҳои зергурӯҳҳо аз рӯйи мавзуъҳои вобасташуда барои гузаронидани таҳқиқот ва таҳияи маҳсулоти илмӣ (knowledge product) маълумот дода шуда, қадамҳои минбаъда муайян карда шуданд.
Далели муҳим аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба 7 гурӯҳи кории Алянси фарогирии молиявӣ (AFI), аз ҷумла васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат бо бозор (CEMCWG), хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (DFSWG), маълумот дар бораи фарогирии молиявӣ (FIDWG), стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ (FISPLG), таносуби стандартҳои ҷаҳонӣ (GSPWG), маблағгузории сабзи фарогир (IGFWG) ва маблағгузории корхонаҳои хурду миёна (SMEFWG) дохил мебошад.
Таҷрибаи андӯхта аз иштирок дар ин гурӯҳҳо имкон медиҳад, ки навгониҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ дар татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 истифода шаванд.
Дар доираи ҳамоиш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар ҷаласаи 14-уми ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) иштирок намуд.
Дар ҷаласаи ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) масъалаҳо марбут ба фаъолияти Алянси фарогирии молиявӣ (AFI) ва ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) пас аз баргузории Форуми глобалии сиёсат дар Манилаи Филиппин, нақшаи кории ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) барои солҳои 2024-2028 (марҳилаи II), таҷдиди оинномаи Ташаббуси сиёсии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардид.
Дар раванди форум иштирокдорони барномаи Бонкдории бонувони ҷаҳон, Пешбурд ва гуногунӣ барои танзимгарон 2024 (Women’s World Banking Leadership Diversity Program for Regulators 2024) бо лоиҳаҳо баромад намуданд. Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон низ лоиҳаи ниҳоии дар мавзуи «Тавсеа бахшидани дастрасии занони соҳибкор ба фишангҳои молиявӣ» таҳиянамударо муаррифӣ карда, дар натиҷа аз ҷониби Бонкдории бонувони ҷаҳон бо сертификат сарфароз гардонида шуд.
Мулоқотҳои муфид:
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо президенти Бонки марказии захиравии Ал Салвадор, раиси Бонки марказии Покистон ва муовини раиси Бонки марказии Шри-Ланка масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд. Дар ҳошияи чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ (AFI) ҳайати Тоҷикистон мулоқотҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо Президенти Бонки марказии захиравии Ал Салвадор Лик Дуглас Пабло Родригес, раиси Бонки марказии Покистон Ҷамил Аҳмад ва муовини раиси Бонки марказии Шри-Ланка Муҳамед Аҳмед вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот густариши ҳамкории мутақобили судманд дар самти омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадами низоми бонкӣ, аз ҷумла рушди маблағгузории «сабз», масъалаҳои инноватсионии гендерӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои муросилотӣ, баланд бардоштани иқтидори рушди низоми хизматрасонии рақамӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Фируз Шарифзода таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кушодани намояндагиҳо ва бонкҳои хориҷӣ дар мамлакат ҳавасманд буда, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Инчунин барои истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар вобаста ба тақвият додани иқтидори кадрӣ дар самти татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, платформаи рақамии Smart-NBT ва дигар масъалаҳо муҳокима карда шуданд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории тарафайн дар самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишварҳо ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкорӣ талош хоҳанд намуд.
Ҷамъбасти Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявии Алянси фарогирии молиявӣ (AFI), маросими ҷоизасупории AFI Финтех 2024, даъвати Директори иҷроия ва котиби Раёсати AFI ба Тоҷикистон
Дар Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ, ки дар шаҳри Сан-Салвадори давлати Ал-Салвадор баргузор гардид, намояндагони бонкҳои марказӣ, вазоратҳои молия, танзимгарони молиявӣ, мақомоти муқарраркунандаи стандартҳо, созмонҳои байналмилалӣ, пешбарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ, операторони шабакаҳои мобилӣ, платформаҳои пардохтӣ, таҳқиқотчиён ва коршиносони техникӣ иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок намуд.
Дар чорабинӣ муколамаи сатҳи баланд ва мубодилаи таҷриба доир шуда, масъалаи имконият барои таҳия ва такмили стратегияҳо ва сиёсатҳои миллии фарогирии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Соли 2024 чорабинӣ зери шиори «Инноватсия барои ҷаҳони фарогир» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории Форуми солона табодули таҷриба оид ба масъалаҳои таҳияи стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ ва пешбурди сиёсатҳои миллии фарогирии молиявӣ аз ҷониби танзимгарони аршади молиявӣ маҳсуб мешавад.
Дар фарҷоми форум муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок намуда, ба ғолибон аз руйи номинатсияи AFI Финтех 2024 мукофот супорид.
Баъди чорабинӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо Директори иҷроия ва котиби Раёсати AFI доктор Алфред Ханниг вохӯрӣ намуда, масъалаҳои вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои декларатсияи Майя, татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон, маблағгузории «сабз», рақамикунонии хизматрасонии молиявӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба фарогирии молиявиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода аз Директори иҷроия ва котиби Раёсати AFI доктор Алфред Ханниг даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.
Бояд иттилоъ дод, ки Алянси (иттиҳоди) фарогирии молиявӣ (AFI) нахустин созмони ҷаҳонӣ аст, ки вазифаи шабакаи иттилоотиро барои бонкҳои марказӣ ва дигар институтҳои молиявӣ – танзимгарон дар кишварҳои дорои бозори молиявии рушдёбанда иҷро менамояд. Фаъолияти Алянс ба иштирокдорон барои дастрасии онҳо ба таҷриба ва иттилооти давлатҳои пешрафта дар масъалаи боло бурдани маърифати молиявӣ ва осон кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи ин Алянси фарогирии молиявӣ гардидааст. Он дар доираи ҳамкорӣ бо Алянс бо мақсади боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имконияти зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар мамлакат тавассути иштирок дар кори гурӯҳҳои кории гуногун тадбирҳои муассир меандешад. Фаъолияти ин гурӯҳҳои корӣ ба мубодилаи самараноки таҷриба ва боло бурдани сатҳи дониш дар соҳаи дастрасии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, масъалаҳои таҳияи маълумоти оморӣ оид ба дастрасии молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби Алянси фарогирии молиявӣ ҳамасола ду маротиба дар давлатҳои гуногуни аъзо ҷаласаҳои кории ин гурӯҳҳо гузаронида мешаванд. Дар асоси чунин муқаррарот Бонки миллии Тоҷикистон соли 2017 ду ҷаласаи Гурӯҳи корӣ – ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (FinancialInclusionDataWorkingGroup) ва Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи фарогирии молиявӣ (FinancialInclusionStrategyPeerLearningGroup)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.
Тибқи маълумоти аз Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ дастрасшуда, баргузории ҷаласаи ду гурӯҳи кории AFI — хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFSWG) ва Стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG) соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳадафи калидии Алянси фарогирии молиявӣ (AllianceforFinancialInclusion-AFI) дар кишварҳои аъзо кумак барои амалинамоии сиёсати рушди дастрасии молиявӣ мебошад, ки қисматҳои (компонентҳо) асосии он – ин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, бонкдории мобилӣ, агентҳои бонкӣ (BankingAgent) ва ғайра мебошанд.
Алянси фарогирии молиявӣ (AllianceforFinancialInclusion-AFI) аввалин шабакаи иттилоотии ҷаҳонии бонкҳои марказӣ ва дигар ташкилоти танзими молиявии кишварҳои дар ҳоли рушд буда, соли 2008 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи Алянс дар шаҳри Куала-Лумпури Давлати Малайзия воқеъ гардида, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 давлати ҷаҳон ба узвияти ин созмон дохил шудаанд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаҳои умумии солонаи AFI муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода ба ҳайси роҳбари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони воситаи ахбори AFI мусоҳиба анҷом дода, вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарогирии молиявӣ, иқтидори хизматрасонии молиявии рақамӣ ва қадамҳои минбаъда дар татбиқи ислоҳот дар низоми молиявӣ барои таъмини рушди фарогир ва босуботи бахши молиявӣ ибрози назар намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон